Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум зулм ба аққалиятҳои миллиро танқид кард


Попи Рум дар паёмаш ба муносибати Милоди Масеҳ “зулму ситам” ба аққалиятҳои миллӣ дар Ховари Миёнаро маҳкум кард ва хостори хотимаи муноқиша дар манотиқи ҷангзада шуд. Поп Франсис гуфт, ки бояд зӯровариву ситам ба “теъдоди зиёди кӯдакон” хотима дода шавад ва ҳамлаи хунини Толибон ба мактаби Покистонро ёдрас шуд, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифт ва дар натиҷа 142 кӯдак кушта шуданд. Попи Рум, ки дар ҳузури издиҳоми бузурги пайравонаш дар майдони Пётри муқаддас дар Ватикан сӯҳбат мекард, гуфт, “имсол дар рӯзи Милоди Масеҳ ашки зиёде мерезад”. Попи 78-сола муноқиша дар Ироқу Украина, Исроил, сарзаминҳои фаластинӣ, Украина, Либия, Судони Ҷанубиро дар паёмаш зикр кард. Ӯ сӯистифода аз кӯдакон, исқоти ҳамл ва хуруҷи бемории эболаро танқид кард, ки ин беморӣ ҷони ҳазорон нафарро гирифт.

XS
SM
MD
LG