Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти хотираи қурбониёни сунамии вайронгар


Дар саросари кишварҳои Осиё, маросими гиромидошти хотираи қурбониёни сунамии вайронгаре баргузор шуд, ки 10 сол пеш дар Уқёнуси Ҳинд бархост ва ҳазорон нафарро кушт. Рӯзи 26-уми декабри соли 2004 дар натиҷаи заминларзаи дар умқи уқёнус сунамии бузурге бархост ва 200 ҳазор нафарро дар минтақаҳои соҳилии Индонезия, Шри Ланка, Ҳинд, Тайланд ва фаротар аз он кушт. Дар вилояти Ачеҳи Индонезия, наздик ба маркази заминларза даҳҳо русто комилан нобуд шуд. Дар маркази ин вилоят шаҳри Банда Ачеҳ, Юсуф Калла, муовини раиси вилоят, дар маросими дуо дар ҳаққи қурбониён, ки дар гӯри дастаҷамъии Сирон дафн шудаанд, ширкат карданд. Аз ин пеш маросими ёдбуд дар Масҷиди Аъзами шаҳр бо ҳузури ҳазорон нафар баргузор шуд. Дар Таиланд мардум дар назди маҷмааи ёдгории қурбониён дар рустои моҳигирон ба номи Бан Нам Хем гул гузоштанд .

XS
SM
MD
LG