Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: "Бӯҳрони беқурбшавии рубл ба поён расид"


Вазири молияи Русия Антон Силуанов бо Владимир Путин.
Вазири молияи Русия Антон Силуанов бо Владимир Путин.

Антон Силуанов, вазири молияи Русия гуфтааст, ки ин кишвар бӯҳрони беқурбшавии рублро паси сар гузоштааст.

Вазири молияи Русия Антон Силуанов рӯзи панҷшанбеи 25 декабр дар нишасти Маҷлиси Шӯрои Федератсияи парлумони Русия гуфтааст, ки афзоиши нархи баҳра ё бозтамвил, барои нигоҳ доштани вазъ дар бозор сурат гирифтааст. Оқои Силуанов афзуд, "ба ақидаи мо, бӯҳрони асъор пушти сар гузошта шуд ва рубл дар ҳоли ҳозир дар ҳоли тақвият шудан аст."

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки расонаҳо аз коҳиши захираҳои арзии Русия хабар медиҳанд. Русия ин рӯзҳо бадтарин бӯҳрони иқтисодӣ баъд аз соли 1998-ро сар мегузаронад. Суқути шадиди нархи нафт, ки сутуни иқтисоди Русиро ташкил медиҳад ва таҳримҳои Ғарб алайҳи ин кишвар бинобар бӯҳрони Украина, ки имкони қарз гирифтани ширкатҳои русӣ аз бозорҳои ғарбиро тақрибан номумкин кардааст, сабаби беқурбшавии арзиши рубл дар баробари доллар шудааст.

Арзиши рубл дар ҳафтаи гузашта ба поинтарин ҳадди худ расид. Ҳарчанд, ки дар рӯзҳои ахир дар пайи тадбирҳои мақомоти Русия, аз ҷумла афзоиши фоидаи бонкӣ аз 10,5 дарсад ба 17 дарсад ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо бар содирот ва назорати сармояҳои ғайрирасмӣ, қурби рубл дубора афзоиш ёфтааст.

Аз миёнаҳои моҳи декабр беқурбшавии рубли русӣ дар баробари дигар асъори мӯътабари ҷаҳон, ба болотарин ҳадди худ расид. Нархи доллар аз 30-35 рубл дар нимаи аввали соли 2014 ба 80 рубл афзоиш ёфт. Дар чанд рӯзи гузашта раванди коҳиши арзиши рубл мутаваққиф шуд ва рӯзи панҷшанбе ҳар доллари амрикоӣ бо 52 рубл иваз шуд. Фишори давлати Русия ба содиркунандагон барои фурӯши асъор низ дар эҳёи арзиши рубл таъсир доштааст.

Ҳафтаи гузашта захираҳои тилло ва пули хориҷии Русия барои нахустин бор аз соли 2009 ба 15,7 миллиард коҳиш ёфт ва ба камтар аз 400 миллиард доллар расид. Ин захираҳо дар оғози соли ҷорӣ 510 миллиард доллар буд.

XS
SM
MD
LG