Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақдими ҷоиза ба беҳтарин варзишгарони соли 2014-и Тоҷикистон


Рӯзи 26-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарони тоҷик дар соли 2014 баргузор мешавад.

Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарони тоҷик дар соли 2014 рӯзи ҷумъаи 26-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барпо мегардад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва муовини раиси Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши кишвар, хабар дод. Вай афзуд, “дар ин маросим ба варзишгари беҳтарини сол Дилшод Назаров ва ба онҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои варзишии худ дар мусобиқоти имсолаи ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ бо назархоҳии хабарнигорони соҳа ба рӯйхати даҳ нафар беҳтаринҳо дохил шудаанд, диплому ҷоизаҳои Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар супурда мешавад.”

Ёдовар мешавем, ки Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2014 эълон кардааст. Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин, Залимхон Юсупов (гуштии озод), Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов, Моҳрӯ Ҳалимова (ҳарсе – таэквондо ВТФ), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо), Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов (ҳарду – самбо), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (гуштии кураш) ва Акмал Қодиров (армрестлинг) дохил шудаанд.

XS
SM
MD
LG