Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи якуним миллион сомонӣ зидди ректори Донишкадаи соҳибкорӣ


Оҷонсии зидди коррупсия алайҳи Файзалӣ Комилов ректори пешини Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва устодони дигари ҳамин донишгоҳ Афранг Туйғунов, Турсунов Олимҷон ва Назир Холов бо истифода аз мақоми расмие ки доштаанд 1 500 000 (як миллиону панҷсад хазор) сомонии буҷаи донишгоҳро аз худ кардаанд. Онҳо бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 264 қисми 1, 2, 265, 314 қисми 3 ва 340 қисми 2 бандҳои «б, в»-и “ сӯистифода аз ваколатҳои хизматӣ, ва ришва бо маблағи махсусан калон парванда боз кардааст.

Эркин Назаров масъули Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия бо тасдиқи ин хабар рӯзи 25-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Файзалӣ Комилов собиқ Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва ҳамроҳонаш 2 декбар парванда карда шудааст. Оҷонсии зидди коррупсия меафзояд 31 декабри соли 2009 Туйғунов Афранг бо маслиҳати пешакӣ бо ректор Комилов бо мақсади пӯшонидани маблағҳои пули тассаруф намудаашон 270 000 сомонӣ, пули нақдии дар ихтиёраш доштаро гирифта, ба ширкати «Вориси замон» супорида, дар айни замон аз ҷамъияти мазкур ба маблағи 1500000 ( як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ гӯё аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба хазинаи «Вориси замон» супорида шуда бошад, гирифтааст.

Дар моҳи июли соли 2009 то моҳи декабри соли 2009 ғайр аз маблағҳои бо дархост аз хазинаи Донишкада гирифтаашон якчанд маротибаи дигар маблағҳои гуногун бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ, яъне расидаҳои хароҷотӣ аз хазинаи Донишкадаи мазкур пули нақд ҳамагӣ ба маблағи 1500000 ( як миллиону панҷсад хазор) сомонӣ гирифта, бо Ректор Комилов ба манфиатҳои шахсии худ сарф кардаанд. Дар натиҷа маблағи пули нақдии 1500000 сомонии дар хазинаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат камомад ба вуҷуд омадааст. Эркин Назаров меафзояд феълан парвандаи ҷиноии Файзалӣ Комилов собиқ Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва устодони дигари ҳамин донишгоҳ Афранг Туйғунов, Турсунов Олимҷон ва Холов Назир мавриди тафтиш қарор дорад.

XS
SM
MD
LG