Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Минск бидуни натиҷаи муайян ба поён расид


Александр Захарченко ва Игор Плотницкий, раҳбарони ҷудоихоҳи Донетск ва Луҳанск дар Минск
Александр Захарченко ва Игор Плотницкий, раҳбарони ҷудоихоҳи Донетск ва Луҳанск дар Минск

Музокироти миёни ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина бидуни натиҷаи муайян ба поён расид. Қарор буд дар ин музокирот натиҷаҳо роҷеъ ба риояти оташбаси устувор ба даст ояд. Дар ин музокирот ҳамчунин маълум нашуд, ки даври баъдии музокирот кай баргузор хоҳад шуд.

Музокироти Минск намояндагони Украинаву Русия, намояндагони ҷудоихоҳон ва САҲА-ро ба ҳам овард. Аз моҳи апрел ба ин сӯ 4 700 нафар дар ҷангҳои шарқи Украина кушта шуданд. Вале СММ мегӯяд, ки аз моҳи сентябр ба ин сӯ, яъне аз замони эълони оташбас баъд аз музокироти 5-сентябри Минск 1 300 нафар ба қатл расидаанд.

23 декабр порламони Украина тасмим гирифт, ки дигар кишвари ғайримуттааҳид нест ва роҳ ба сӯи узвият дар паймони НАТО-ро пеш гирад. Ин тасмими Украинафавран дар Русия “рафтори ғайридӯстона” арзёбӣ шуд.

XS
SM
MD
LG