Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон нуқтаҳои табодули асъорро мебанданд


Дар Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки фаъолияти нуқтаҳои хусусии табодули асъорро дар ин кишвар мамнуъ эълон кунанд. Дар ин бора Бонки Миллии Қирғизистон хабар додааст ва дар сомонаи интернетии худ матлаберо ба нашр расондааст.

Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки танҳо муассисаҳои моливу қарздиҳӣ, яъне бонкҳо, ҷамъиятҳо ва ширкатҳои қарздиҳанда метавонанд бо табодул ё хариду фурӯши пулҳои хориҷӣ машғул шаванд.

Бонки Миллии Қирғизистон гуфтааст, ки аз замони ба иҷро даромадани қонуни марбута нуқтаҳои хариду фурӯши асъор ё табодули асъор фаъолияти худро қатъ мекунанд.

Ҳамаи иҷозатномаҳое, ки барои хариду фурӯши асъор ба нуқтаҳои табодули асъор дода шудааст, бидуни дарназардошти мӯҳлати эътибори онҳо пас гирифта мешаванд.

Сабаби чунин иқдом гӯё он будааст, ки баъзе коршиносони молӣ нуқтаҳои табодули асъорро сабабгори поин рафтани арзиши пули миллии Қирғизистон дар баробари доллар медонанд.

XS
SM
MD
LG