Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе 300 кило маводи мухаддир оташ зада шуд


25 декабр дар шаҳри Душанбе тақрибан 300 кило маводи мухаддир оташ зада шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба ин хабар, бештар аз 8 кило ҳероин, 122 кило тарёк, тақрибан 171 кило ҳашиш дар оташдони махсус ба коми оташ рафтааст. Маводи мухаддири оташзада далели модии 16 парвандаи ҷиноист ва барои муттаҳамон ҳукми додгоҳ содир шудааст.

Тоҷикистон яке аз масирҳои интиқоли транзитии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои Аврупои шарқӣ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG