Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷануби Эрон машқҳои густардаи низомӣ оғоз шуд


Матбуоти Эрон гузориш додааст, ки артиши ин кишвар машқҳои низомии густардаро дар ҷануби кишвар оғоз кардааст. Генерал Аҳмад Ризо Пурдастон-фармондеҳи нируҳои пиёданизоми Эрон 25 декабр аз тариқи телевизиони кишвараш гуфт, ҳадафи ин машқҳо ин аст, ки таҷрибаи муҳорибавиро бо “насли нави низомиён” омӯзонанд.

Ин машқҳо 7 рӯз давом мекунад ва зери шиори “Муҳаммад Расулллулоҳ” баргузор мешавад. Дар машқҳо артиш, нируҳои дарёиву ҳавоӣ ширкат мекунанд ва дар наздикии гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз анҷом мегирад.

Низомиёни Эрон мегӯянд, ки нируҳои дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ва нируҳои ниманизомии Басиҷ низ ба ин машқҳо ҷалб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG