Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мегӯяд, ҳавопаймои низомиеро, ки дар Сурия ба замин афтид, шӯришиёни Давлати Исломӣ назадаанд. Ҳавопаймои ҷангии F-16 дар наздикии шаҳри Раққа дар шимоли шарқи Сурия 24 декабр нопадид шуд, дар минтақае, ки қароргоҳи шӯришиёни Давлати Исломӣ мебошад.

Шӯришиёни Давлати Исломӣ чанд акси халабонро нашр карданд ва аз вай Муъат Сафӣ Юсуф Касосбеҳ ном мебаранд, ки 26 сола аст. Шӯришиён дар сомонаи интернетии худ навиштаанд, ки ин ҳавопайморо бо мушак задаанд.

Аммо низомиёни Амрико мегӯянд, баъзе нишонаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки ин ҳарфҳо дуруст нест. Вале гуфта намешавад, ки сабаби суқути ҳавопаймо чӣ будааст.

Бори аввал аст, ки ҳавопаймои эътилофи зери фармондеҳии Амрико дар Сурия аз замони оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ дар моҳи сентябр ба шӯришиёни Давлати Исломӣ нопадид мешавад. Дар гузашта шӯришиён ҳавопаймоҳои ҳукумати Ироқу Сурияро зада буданд.

XS
SM
MD
LG