Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тӯҳфаҳои ҳамсарони дипломатҳо ба кӯдакони маъюб (ВИДЕО)


Бархе аз тӯҳфаҳои ҳамсарони дипломатҳо ба кӯдакони маъюб.

Бархе аз тӯҳфаҳои ҳамсарони дипломатҳо ба кӯдакони маъюб.

Аъзои маҳфили ҳамсарони дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ба кӯдакони маълул дар шаҳрчаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Дар остонаи Соли Нави мелодӣ ҳамсарони дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ба кӯдакони маълул дар шаҳрчаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор тӯҳфаҳо тақдим намуданд. Бо назардошти дархости маъмурияти парваришгоҳ ин ҳадяҳо ба маблағи 10 500 сомонӣ асосан аз сару либоси гарм ва шириниҳо иборат буд. Маблағ барои харидани тӯҳфаҳо дар ҷараёни чанд маъракаи хайрия, аз ҷумла Ҷашнвораи байнулмилалии ғизо, ки аввали моҳи декабр дар Душанбе баргузор гашт, ҷамъоварӣ шудааст.

Ба гуфтаи Клара Смагулова, раиси ин маҳфил, ҳамсари сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ҳамаи 350 тифли ин парваришгоҳ тӯҳфаҳо супурда шуд ва касе аз ҳадяи солинавӣ бенасиб намондааст. Соли дуюм аст, ки Маҳфили ҳамсарони дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон чунин маъракаро ба роҳ мемонад.

Ин маҳфил 17 октябри соли 2013 таъсис ёфта, ҳамсарони дипломатҳо ва кормандони созмонҳои байнулмилалиро муттаҳид кардааст. Он як созмони ҷамъиятӣ буда, ба фаъолиятҳои ғайритиҷоратӣ машғул аст.

Яке аз рисолатҳои худро маҳфил дар ширкат ба чорабиниҳои хайрия бо мақсади мадад ба қишрҳои осебпазири ҷомеа ва ҳамчунин табобати гирифтори бемориҳои вазнин, кӯдакон ва маъбон, парваришгоҳҳо ва хонаи пиронсолон мебинад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG