Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони сиёсиву низомии Покистон мулоқот карданд


Навоз Шариф
Навоз Шариф

Раҳбарони сиёсиву низомии Покистон нақшаҳои нави давлатии мубориза бо шӯришиёнро баррасӣ карданд. 24 декабр мақомот эълон доштанд, ки 10 кӯдаки дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҳамла ба мактаби низомии Пешовар даргузаштаанд.

Ба ин тартиб шумораи афроди кушташуда дар ҳамлае ба мактаби Пешовар ба 151 нафар расид, ки 142 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.

Навоз Шариф-нахуствазири Покистон дар мулоқоте, ки раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, раҳбарони артиш ва раҳбарони ниҳодҳои кашф ширкат доштанд, гуфт, кишвараш барои мубориза бо терроризм бояд қадамҳои ғайримаъмулӣ бардорад, зеро вазъ “вазъи фавқулодда” аст.

Вале маълум нест, ки нақшаи ниҳоӣ дар ин бора ба тавофуқ расид ё хайр. Навоз Шариф ҳамчунин амалиёти таҳоҷумии Афғонистон дар шарқи Афғонистонро истиқбол кард ва гуфт, ки “Кобул “ҳусни ният” нишон медиҳад.

Навоз Шариф гуфт, ки бар зидди тундравҳое, ки аз хоки Покистон ба Афғонистон ҳамла мекунанд, амалиёт анҷом хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG