Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯришиён дар Сурия як ҳавопаймои ҷангиии эътилофро заданд


Боздошти халабони ҳавопаймо аз сӯи шӯришиён

Боздошти халабони ҳавопаймо аз сӯи шӯришиён

Бино ба гузориши гурӯҳи нозирон, шӯришиёни Давлати Исломӣ як ҳавопаймои ҷангии нируҳои эътилофи байналмиллалии зери фармондеҳии Амрикоро задаанд.

Гурӯҳи ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия гуфт, ин ҳавопаймо 24 декабр дар наздикии Раққа зада шудааст. Шӯришиёни Давлати Исломӣ ин шаҳрро дар шимоли шарқи Сурия пойтахти худ эълон кардаанд.

Гурӯҳи нозирон гуфтааст, ки халабони ин ҳавопаймо араб будааст ва вайро боздошт кардаанд. Як гурӯҳи дигари нозирон, ки дар шаҳри Раққа ҷойгир аст, ба матбуот гуфтааст, ки ин халабон шаҳрванди Урдун будааст. Урдун ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ин халабон шаҳрванди Урдун мебошад. Аз вай ҳуҷҷате ҳам ба даст омадааст, ки бо номи Муъат Сафӣ Юсуф Касисбеҳи 26 сола сабт шудааст.

Амрико ва ҳампаймонҳои арабиаш бар зидди ҳадафҳои Давлати Исломӣ дар Сурия моҳи сентябр ҳамлаҳои ҳавоиро оғоз карданд. Арабистони Саудӣ, Урдуну Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ба ин ҳамлаҳо ҳамроҳ шудаанд. Қатар кӯмакҳои икмолотӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG