Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои Тоҷикистон кадри низомӣ тарбия мекунад


Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо, Маскав, 23 декабр
Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо, Маскав, 23 декабр

Сергей Шойгу-вазири дифои Русия дар Маскав дар мулоқоташ бо Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ду кишвар баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон бояд ба ҳар гуна ранг гирифтани вазъ, аз ҷумла ба бад шудани вазъ омода бошанд. Дар ин бора матбуот хабар додааст.

Ба гуфтаи Шойгу, амнияти мардумони ду кишвар ба ҳамоҳангии фаъолияти ҷонибҳо ва сулҳу оромӣ бастагӣ дорад. Вай таъкид кардааст, ки бояд ба боло бурдани маҳорати ҷангии нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад.

Шойгу гуфтааст, ки соли ҷорӣ барои тарбияи кадрҳои низомӣ дар донишгоҳҳои Русия аз Тоҷикистон 150 нафар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ ҳоло аз Тоҷикистон дар ин кишвар 493 низомии Тоҷикистон таълим мегиранд.

Гузашта аз ин, вазири дифои Русия қавл додааст, ки дар соли 2015 дар пойгоҳи 201 Русия ва аз ҳисоби ин пойгоҳ барои нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1000 нафарро таълим хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG