Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомот барои қочоқи чӯб дар Сибири Русия


Додситони нақлиётии Рубцовои Русия дар минтақаи Сибир Анвар Зоиров-муовини раиси ширкати “Фуд Арт”-ро, ки ҳамзамон мудири ширкати “Старт” мебошад, барои қочоқи маводи стратегӣ ва тақаллуботи молӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам кард. Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.

Бино ба маълумоти додситонӣ, Анвар Зоиров ба маблағи бештар аз 77 миллион рубл ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистону Чин чӯбҳои гаронбаҳо содир кардааст.

Ҳангоми гузарондан аз посгоҳҳои гумрукӣ Зоиров дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва дар бораи навъи чӯбҳо аз қарордодҳои дуруғин истифода кардааст.

Анвар Зоиров дар бозпурсиҳо ҳамаи иттиҳомоти воридаро тасдиқ кардааст. Парвандаи вай ба додгоҳ фиристода шудааст. Дар хабарҳо дар бораи шахсияти Зоиров маълумот дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG