Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони низомии Афғонистону Покистон мулоқот карданд


Генерал Шермуҳакммад Каримӣ
Генерал Шермуҳакммад Каримӣ

Раҳбарони низомии Афғонистону Покистон ба тавофуқ расиданд, ки бар зидди Толибон дар имтидоди марзи муштараки миёни ду кишвар муборизаи муштарак анҷом диҳанд.

Генерал Шермуҳаммад Каримӣ-раиси ситоди артиши Афғонистон ва генерал Роҳил Шариф-ҳамтои покистонии вай дар ҳузури генерали амрикоӣ Ҷон Кемпбел-фармондеҳи аршади НАТО дар Афғонистон 23 декабр дар шаҳри Равалпиндии Покистон бо ҳам мулоқот карданд.

Ин мулоқот дар ҳоле анҷом гирифт, ки як ҳафта пеш тундравҳои Толиб дар шаҳри Пешовар ба як мактаби низомӣ ҳамла буданд ва дар он 132 шогирди мактаб ва 9 омӯзгор ба қатл расиданд.

Афғонистону Покистон борҳо якдигарро муттаҳам кардаанд, ки ба дар имтидоди марз ба шӯришиён имкон медиҳанд, ки онҳо ба ҳамлаҳои фаромарзӣ даст зананд.

XS
SM
MD
LG