Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Буши калониро ба бемористон интиқол доданд


Ҷорҷ Буши калонӣ, соли 1999 дар Маскав

Ҷорҷ Буши калонӣ, соли 1999 дар Маскав

Ҷорҷ Буши калонӣ-раиси ҷумҳури пешини Амрико ба бемористони Ҳюстон интиқол дода шуд. Ҷим мак Грат-сухангӯи вай дар изҳороте гуфт, ки Ҷорҷ Буши 90 сола шоми 23 декабр ҳангоми тангии нафас ба бемористон интиқол ёфтааст.

Ба гуфтаи Ҷим мак Грат, Ҷорҷ Буш барои муоина эҳтиётан ба бемористон бурда шудааст. Буш тақрибан ду моҳ дар бемористон муолиҷа гирифта буд ва моҳи январи соли 2013 баъд аз муолиҷа аз бемории бранхит вайро ҷавоб доданд.

Буш ҳоло роҳ рафта наметавонад ва моҳи ноябр бо писараш Ҷорҷ Буши хурдӣ-раиси ҷумҳури пешин дар аробача ба як маросим дар Техас омад.

Тобистони соли ҷорӣ Буши калонӣ 90 солагиашро баргузор кард.

XS
SM
MD
LG