Пайвандҳои дастрасӣ

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия талошҳо барои назорат бар афзоиши аҳолӣ дар кишварашро "хиёнат" хонд ва гуфт, ки ин "хоинҳо" қасд доранд бо ин кор насли нави кишварро аз байн баранд.

Хабаргузории Франс-пресс рӯзи душанбеи 22 декабр хабар дод, ки раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҷараёни як ҷашни арусӣ гуфтааст, "як ё ду фарзанд кофӣ нест."

Раиси ҷумҳури Туркия дар идома гуфтааст, "истифода аз равишҳои назорати таваллуд хиёнат ба аҳдофи олии Туркия барои табдил шудан ба як миллати шукуфо ва дорои аҳолии ҷавони рӯ ба густариш аст."

Ӯ бо ишора ба шумораи фарзандони хонаводаҳо таъкид кард: "Як ё ду то кофӣ нест. Барои қавитар кардани миллати худ, ниёз ба як ҷамъияти ҷавонтар дорем. Мо ба ин зарурат дорем, то битавонем Туркияро ба сатҳи болотар аз тамаддуни модерн бибарем."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар идома бо ишора ба мухолифони худ гуфт, "дар ин кишвар онҳо солҳо аст аз тариқи назорат бар афзоиши аҳолӣ, даст ба хиёнат задаанд ва дар пайи он ҳастанд, то насли моро аз байн бибаранд."

Давлати оқои Эрдуғон ҳамеша аз сӯи гурӯҳҳои мухталиф муттаҳам ба ин будааст, ки дар пайи "таҳмил"-и шариати исломӣ дар ҷомеа ва маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандии занон дар Туркия аст.

Оқои Эрдуғон, ки худ ду писар ва ду духтар дорад, пеш аз ин низ бо изҳороте, ки зан бояд се фарзанд дошта бошад, ва ин ки "занон бо мардон баробар нестанд", хашми гурӯҳҳои тарафдори ҳуқуқи занон дар кишвараш барангехта буд.

Ӯ ҳамчунин пешниҳодҳоеро дар робита бо маҳдуд кардани сақти ҷанин, маҳдуд кардани қурсҳои зидди бордорӣ матраҳ кардааст. Аҳолии Туркия тайи даҳсолаҳои ахир рӯ ба афзоиш аст ва ба беш аз 76 миллион расидааст.

Дар ҳамин ҳол сиёсатҳои ҳукумати Эрдуғон барои исломисозии мактабҳо дар рӯзҳои ахир, эътирози гурӯҳе аз муаллимони ин кишвар ва боздошти даҳо тан аз онҳоро дар пай доштааст.

Ҳукумати Туркия аз чанд вақт ба ин тараф мамнуияти исифода аз ҳиҷоб барои духтарон дар мактабҳоро лағв кард ва аз таъсиси мактабҳо бо номи "имом -хатиб", ки таълимоти динӣ ва дунявиро дар бар мегирад, пуштибонӣ кардааст.

Аз сӯи дигар, ахиран хабар расид, ки Эрдуғон қасд дорад омӯзиши хатти арабиро дар мактабҳои Туркия дубора эҳё карда ва тадриси забони туркии усмониро низ дар мактабҳои ин кишвар ҷорӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG