Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Нигоҳ" пас аз ду ҳафтаи таваққуф нашр шуд


Ҳафтаноми мустақили “Нигоҳ” пас аз ду ҳафтаи таваққуф, иҷозаи чоп ёфт. Шумораи 421-уми “Нигоҳ” чопи Душанбе ба қавли мусъулинаш аз тарафи вазорати фарҳанги Тоҷикистонг бо сабаби “дар қайди вазорати фарҳанг набудани нашрия” тайи ду ҳафта ба дасти хонандагонаш нарасида буд ва ин ҳафта рӯи чопро дид. Абдуалӣ Некрӯзов, котиби масъули ҳафтаномаи мустақили “Нигоҳ” рӯзи 24 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз таваққуфи дуҳафтаина, ки аз тарафи вазорати фарҳанг манъ шуда буд, дар чопхонаи “Нега-принт” ба чоп расид.

Дар саҳифаи аввали ин шумораи “Нигоҳ” баёнияи ҳайати эҷодии ҳафтанома таҳти унвони “Бо арзи маъзарат” ба чоп расидааст, ки дар он сабаби аслии ду ҳафта ба чоп нарасидани нашрия зикр шудааст. Дар ин баёния аз ҷумла омадааст, ки бо сабаби гӯё дар қайди ин вазоратхона набудани шаҳодатномаи нашрия, аз чопи он худдорӣ шудааст, вале баъд баҳонаи он рӯшан шудааст, ки забони мақолаҳои “Нигоҳ” ба бархе аз мансабдорони ҳукуматӣ писанд набудааст.

Давоми ду ҳафтаи қаблӣ, хонандагон ва алоқамандони ҳафтаномаву нашрияҳо дар дӯконҳо ва растаҳои рӯзномафурӯшии пойтахт, ҳафтаномаи мустақили чопи Душанбе «Нигоҳ»-ро дарёфт карда натавонистанд. Ҳар чаҳоршанбе, “Нигоҳ" мисли дигар ҳафтаномаҳо ба дасти хонандагон мерасид.

XS
SM
MD
LG