Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон -- рақиби нахустини Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2015


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2015 бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум то 25-уми январи соли оянда бо ширкати 12 даста дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 17-уми январ бо тими Қазоқистон, бозии дувумашро 18-уми январ бо мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад.

Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд. Дар Ҷоми Иттиҳод, ки барои бори 23-юм барпо мегардад, ба ҷуз 10 дастаи мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин тимҳои ҷавонони Финляндия ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард. Вале мунтахаби ҷавонони Украина, ғолиби мусобиқаи порсола, ширкат намеварзад.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2015:

Гурӯҳи «А»: Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия.

Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.

Гурӯҳи «С»: ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.

16 январ (ҷумъа)

14:00 – Беларус – Туркманистон

16:15 – Эстония – Финляндия

18:30 – Молдова – Қирғизистон

21:00 – Русия – Латвия

17 январ (шанбе)

14:00 – ҶАҶ - Литва

16:15 – Тоҷикистон – Қазоқистон

18:30 – Финляндия – Туркманистон

21:00 – Эстония – Беларус

18 январ (якшанбе)

14:00 – Латвия – Қирғизистон

16:15 – Қазоқистон – Литва

18:30 – Тоҷикистон – ҶАҶ

21:00 – Русия – Молдова

19 январ (душанбе)

14:00 – Беларус – Финляндия

16:15 – Туркманистон – Эстония

18:30 – Молдова – Латвия

21:00 – Қирғизистон – Русия

20 январ (сешанбе)

14:00 – ҶАҶ – Қазоқистон

16:15 – Литва – Тоҷикистон

21 январ (чоршанбе)

1/4 финал

14:00 – 1А – 3В/3С

16:15 – 2B – 2С

18:30 – 1С – 2А

21:00 – 1В – 3А/3С

22 январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои за 9-12-ум

18:30 – 4А – 4С

21:00 – 4В – 3А/3В/3С

23 январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

18:30 – Нимфинал

21:00 – Нимфинал

24 январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25 январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 рӯзи 17-уми декабр шурӯъ карда буд.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват шудаанд. Машғулиятҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 29-уми декабр идома меёбанд.

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2015 мунтахаби ҷавонони 22-солаи Тоҷикистон бозии санҷиширо бо мунтахаби ҷавонони 19-солаи кишвар, ки 21-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расонд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби ҷавонони Украина, ки дар бозии ниҳоӣ тими Русияро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод, ғолиби Ҷоми Иттиҳод-2014 гаштааст.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) порсол дар Ҷоми Иттиҳод дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовии 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1).

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев ("Истиқлол”), Фатҳуллои Иззатулло (“Равшан”), Дилшод Дадобоев (“Эсхата”);

Ҳимоятгарон: Абдулло Саидов, Фирдавс Чақалов (ҳарду – ССКА “Помир”), Бахтиёр Азимов (“Энергетик”), Саидхони Амрохон, Тоҳири Баҳром (ҳарду – “Равшан”), Самандари Хайриддин (“Истиқлол”), Алишер Шарифов (“Регар-ТадАЗ”),

Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов, Фирӯз Юсуфов (ҳарду – ССКА “Помир”), Ойбек Абдуғаффоров (РТСУ), Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Парвиз Ҳамидов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳарду – “Хайр”), Ҷаҳонгир Алиев (“Парвоз”), Дилшод Каримов, Вайсиддин Сафаров (ҳарду – “Хуҷанд”), Шодмон Тағойзода (“Регар-ТадАЗ”);

Ҳамлагарон: Абдурасул Раҳмонов, Фирӯз Раҳматов (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Ҷаҳонгир Эргашев, Меҳроҷиддин Музаффаров (ҳарду – “Истиқлол”).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG