Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина дубора имкони вуруд ба эътилофи низомиро пайдо кард


Парлумони Украина рӯзи 23 декабр монеъаҳо дар вуруди кишвар ба эътилофҳои низомиро аз байн бардошт. Тарҳи қонун дар ин бора охири ҳафтаи гузашта аз сӯи раисиҷумҳур Петро Порошенко ворид шуда буд.

Дар шарҳи тасмими Верховная Рада гуфта шудааст, таҷовузи Федератсияи Русия алайҳи Украина, илҳоқи ғайриқонунии Қрим, дахолати низомӣ ба манотиқи шарқии кишвар, фишори пайвастаи низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ аз сӯи Русия зарурати ҷустуҷӯи кафолати муассири истиқлол ва якпорчагии Украинаро ба миён овардааст.

Намояндаи Русия дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Андрей Келин гуфт, ки Маскав ин амали Киевро чун «гоми душманона» арзёбӣ кардааст.

Аз ин пеш Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар Фейсбук навишт, ки аз сӯи парлумони Украина лағв шудани мақоми «ғайриэътилофӣ» ҳаммаънои дархости Киев барои вуруд ба Паймони НАТО аст ва ин кишварро ба «рақиби низомии Русия» табдил медиҳад.

XS
SM
MD
LG