Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 74 млн доллар медиҳад


Бонки осиёии рушд дар соли ояндаи 2015 дар Тоҷикистон 4 лоиҳаро бо маблағи умумии 74 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Си Си Ю, роҳбари дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон рӯзи 23−уми декабр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, бонки мазкур баҳри истифодаи босамари оби рӯдхонаи Панҷ ва фаро гирифтани ҷавонони тоҷик бо касбомӯзӣ 20 миллиондолларӣ, барои беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ 25 миллион ва таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон 9 миллион доллар ихтисос додааст. Ба таъкиди ӯ, Бонки Осиёии Рушд дар се соли оянда (2015 --2017) дар Тоҷикистон ҳар сол на камтар аз 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҷаноби Си Си гуфт, тайи панҷ соли охир Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон танҳо грант медод. Аммо дар сурати нашр шудани арзёбии Сандуқи байналмилали пул ҷиҳати устуворӣ дар қиболи қарзи хориҷӣ мумкин аст, бонки мазкур ба Тоҷикистон қисман қарз ва қисман грант бидиҳад. Дар сурати боқӣ мондани рискҳо дар ин арса, ба Тоҷикистон боз ҳам грант дода мешавад.То ҳол Бонки Осиёии Рушд 13 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи онҳо 905 миллион доллари амрикоӣ буда, 75 дарсади онро грант ва ё кӯмакӣ молиявӣ ташкил мекунад.

XS
SM
MD
LG