Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Amnesty International аз иҷрои ҳукми эъдом дар Покистон


Маросими ҷанозаи қурбониёни ҳамла ба мактаби Пешовар

Маросими ҷанозаи қурбониёни ҳамла ба мактаби Пешовар

Созмони Amnesty International ё Афви байнулмилал тасмими ҳукумати Покистон барои иҷрои ҳукми қатли садҳо муттаҳамон дар терроризмро «басо нигаронкунанда» номид. Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки рӯзи сешанбе, 23 декабр, нашр шуда, омдааст, ин тасмими Исломобод на фақат ба таъмини амнияти шаҳрвандон мусоидат намекунад, балки боиси боз ҳам боло рафтани сатҳи хушунат дар Покистон хоҳад шуд.

Рӯзи душанбе вазорати умури хориюии Покистон хабар дод, ки иҷрои ҳукми қатл тайи ду ҳафтаи наздик шурӯъ мешавад. Қарор аст, ки дар Покистон тақрибан 500 нафари дар терроризм айбдоршуда эъдом шаванд.

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф баъд аз ҳамлаи маргбори толибон ба як мактаби ҳарбӣ дар шаҳри Пешовар мораторий оид ба иҷрои ҳукми қатлро бекор кард. Дар он ҳамла, ки рӯзи 16 декабр сурат гирифт, 132 шогирд ва 9 омӯзгору кормандони мактаб кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG