Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Австралия сатҳи баланди таҳдиди террористӣ боқӣ мемонад


Дар Австралия сатҳи баланди таҳдиди террористӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора нахуствазири кишвар Тони Эббот рӯзи сешанбе баъд аз мулоқот бо аъзои Кумитаи масоили амниятӣ хабар дод. Ба гуфтаи нахуствазир, хадамоти ҷосусии Австралия афзоиши музокироти террористон баъд аз ҳодисаи гаравгонгирӣ дар як қаҳвахонаи шаҳри Сиднейро сабт кардаанд. Тони Эббот афзуд, ки эҳтимоли ҳамлаи нав дар кишвар боқӣ мемонад, аз ин рӯ шаҳрвандон бояд аз ин баъд ҳам аз эҳтиёт кор бигиранд.

Рӯзи 14 декабр рӯҳнии эронитабор Ҳорун дар як қавҳахонаи шаҳри Сидней 17 нафарро гаравгон гирифт. Дар амалиёти вижаи полис, 3 нафар, аз ҷумла, Мунис кушта шуданд. Ҳорун Мунис, ки худро дар интернет Шайх Мунис меномид, соли 1996 аз Эрон фирор кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Мунис қаблан барои талоши таҷовуз ба номус боздошт ва бо пардохти гаравпулӣ раҳо шуда буд. Ҳамчунин ӯро дар фиристодани номаҳо ба хонаводаҳои низомиён аз Австралия, ки дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар кушта шудаанд, айбдор карда буданд.

Ҳорун Мунис шарт гузошта буд, ки фақат баъд аз мулоқот бо нахуствазири Австралия Тони Эббот гаравгонҳоро раҳо мекунад.

XS
SM
MD
LG