Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор раҳбар роҷеъ ба Украина музокироти телефонӣ анҷом медиҳанд


Яке аз мушовирони Владимир Путин гуфтааст, ки раиси ҷумҳур дар поёни рӯзи 22 декабр бо раҳбарони Украинаву Олмон ва Фаронса телефонӣ гуфтугӯ хоҳад кард. Қарор аст дар ин гуфтугӯи телефонии чаҳортарафа чаҳор раҳбар талошҳои поин додани муноқишаи шарқи Украинаро баррасӣ кунанд.

Юрий Ушаков-мушовири умури хориҷаи Путин гуфт, ки дар ин гуфтугӯ ба бӯҳрони кунунӣ ва барномаҳо барои мулоқоти ояндаигурӯҳи тамос, пешниҳодҳо ба намояндагони Украинаву Русия САҲА ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Ин музокирот аз созишномаҳои оташбаси 5 сентябри Минск сарчашма мегирад ва ҳадафаш қатъи муноқишаест, ки аз моҳи апрел то ҳол бештар аз 4 700 нафар дар шарқи Украина кушта шудаанд.

Баъд аз эътибор пайдо кардани оташбас бештар аз 1000 нафар ба қатл расидаанд. Сухангӯи раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки ин музокироти телефонӣ соати 17 ба вақти Аврупо анҷом мегирад.

XS
SM
MD
LG