Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев аз Русияву Украина хост, ки бо ҳам созиш кунанд


Назарбоев ва Порошенко

Бино ба гузоришҳо, Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ҷараёни боздиди худ аз Киев аз Украинаву Русия хостааст, ки барои қатъи муноқиша ва таъмини тамомияти арзии Украина бо якдигар созиш кунанд.

Хабаргузории Интерфакси Украина гузориш додааст, ки Назарбоев дар ин бора баъд аз мулоқоташ бо Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина 22 декабр изҳори ақида кардааст.

Назарбоев гуфт: “Ман ба Русия ва Украина пешниҳод мекунам, ки дар бораи роҳҳои баромадан аз ин муноқиша фикр кунанд ва тамомияти арзии Украинаро ҳифз намоянд, зеро вазъ хуб нест.

Назарбоев ҳамчунин гуфт, ки бӯҳрони Украина метавонад ба Қазоқистон низ таъсир расонад, зеро Қазоқистон тарафи тиҷоратии Русия ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG