Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА интихоботи Узбакистонро идорашаванда номид


Гурӯҳи нозирони САҲА, ки бар ҷараёни интихоботи порламонии Узбакистон назорат карданд, мегӯянд, ки “ин интихобот комилан идорашаванда буд ва дар он рақобати интихоботӣ ва мунозира аслан мушоҳида намешуд”.

Дар эъломияе, ки 22 декабр Даан Эвертс-раҳбари гурӯҳи маҳдуди нозирони САҲА ба нашр расонд, гуфта мешавад, ки озодии баён ва ҳамкориҳо барои баргузории интихоботи озоду одилона муҳим аст.

Дар интихобот 4 ҳизби сиёсӣ ширкат доштанд ва ҳамаи ин ҳизбҳо аз Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ҷонибдорӣ мекунанд. Ин ҳизбҳо аз 150 курсии порламон 135 курсиро ба даст оварданд. 15 курсии дигар тибқи қонун ва бидуни интихобот ба гурӯҳи Ҷунбиши зистмуҳитии ин кишвар тааллуқ хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG