Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи радди вазорати адлия ба дархости ҲНИТ


Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни номае бо имзои муовини вазири адлия, ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оиди баргузории ҷаласаҳои моҳона дар сатҳи бахшҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ҷавоби рад дода, гуфтааст, ки ҳалли он берун аз ваколати ин вазоратхона мебошад. Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 22 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар номае ба унвонии вазири адлия навишта буд, ки ҲНИТ мувофиқи Оинномаи худ ҳар моҳ ҷаласаҳои бахшҳои ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоии худро баргузор намояд. Азбаски мушкил дар дафтари корӣ аст, масъулин ва аъзои ҳизб чунин ҷаласаҳоро дар манзилҳои шахсии хеш доир менамоянд, ки дучори мушкил ва монеагузориҳо аз тарафи намояндагони мақомоти гуногуни маҳалӣ қарор мегиранд. Ҷаноби Файзраҳмон мегӯяд, ки имрӯз бо имзои муовини вазири адлия Мирсаидзод Ҳ. С ба таври расмӣ посух дарёфт кардаанд, ки дар он чунин зикр шудааст: “Ваколати вазорати адлия ибрози андеша намудан ҷиҳати масъалаҳое, ки дар мактуби Шумо дарҷ гардидаанд, мансуб намебошад”.

Дар гузашта дафтарҳои кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар чанди минтақаи кишвар бинобар далоили мухталиф баста шуда буданд. Охирин мавориди баста шудани дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Масчо буд, ки додситонӣ дар моҳи сентябр бо амрномаи худ бинои дафтари ин ҳизб дар ин минтақаро ба соҳиби пешини он баргардондааст.

XS
SM
MD
LG