Пайвандҳои дастрасӣ

Чин мегӯяд, ки барои рафъи бӯҳрон ба Русия кӯмак мекунад


Ванг Йӣ

Ванг Йӣ

Ванг Йӣ-вазири корҳои хориҷаи Чин дар Пекин гуфт, ки кишвараш ба Русия кӯмак мекунад, то мушкилоти бӯҳрони иқтисодиро рафъ созад. Соли ҷорӣ рубли Русия арзиши худро 45 дарсад аз даст дод ва ба вижа ҳафтаи гузашта хеле поин рафт.

Владимир Путин эътироф накард, ки кишвараш ба бӯҳрон гирифтор аст, вале изҳор дошт, ки арзиши рубли кишвараш саранҷом боло хоҳад рафт.

Вазири корҳои хориҷаи Чин гуфт, “Агар Русия бихоҳад, мо кӯмакҳои заруриро дар чаҳорчӯбаи имконоти худ фароҳам меорем”. Ванг гуфт, ин ду кишвар ба якдигар мунтазам ёрӣ расондаанд. Вале вай дар бораи ин ёриҳо тавзеҳот надод.

Ванг гуфт, ки Русия “хирад”-е дорад, ки аз ин мушкил раҳо ёбад. Дар ин бора 22 декабр рӯзномаи “China Daily” гузориш додааст.

XS
SM
MD
LG