Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон 500 террористро эъдом мекунанд


Ҳалқаи дор

Ҳалқаи дор

Покистон мегӯяд, 500 нафар зиндониёне, ки барои ширкат дар аъмоли террористӣ дар зиндон қарор доранд, дар давоми ду-се ҳафтаи оянда эъдом хоҳанд шуд. Дар ин бора Чоудри Нисор Алихон-вазири дохилаи Покистон шоми 21 декабр эъломияе пахш кард.

Вай гуфт, ки афви онҳо аз тарафи раиси ҷумҳур рад шудааст ва онҳо эъдом хоҳанд шуд. Вай ҳамчунин ба рӯзноманигорон гуфт, ки қабл аз ҳамлаи террористии 16 декабр ба яке аз мактабҳои Пешовар тасмим дар бораи аз миён бардоштани мараторияи муҷозоти эъдом гирифта шуда буд.

Нахуствазир Навоз Шариф қатъи мараторияро як рӯз баъд аз ин ҳамла ба тасвиб расонд. Дар ин ҳамла 132 шогирди мактаб ва 9 омӯзгор ба қатл расида буданд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз миён бардоштани мараторияро интиқод карданд.

Покистон аз соли 2008 ба ин сӯ ҳукми қатлро иҷро намекард. Аз рӯзе, ки мараторияро аз миён бардоштанд то ҳол 6 нафар ба дор кашида шуданд. Парвандаи онҳо ба ҳамлаи Пешовар иртибот надошт.

XS
SM
MD
LG