Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размандагони курд муҳосираи Синҷарро рахна кардаанд


Масъуд Боризонӣ, яке аз пешвоёни Курдистони Ироқ, гуфт, размандагони пешмаргаи курд дар набард бо ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ дар дохил ва атрофи шаҳри Синҷар ба пирӯзиҳои стратегӣ ноил шудаанд. Масъуд Боризонӣ дар ин бора рӯзи 21 декабр ҳангоми сафараш ба кӯҳи Синҷар сухан гуфт, ки даҳҳо ҳазор аз язидиҳои Ироқ аз тарси ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ ба ин кӯҳ гурехтанд. Ба гуфтаи Масъуд Боризонӣ, нерӯҳои пешмарга муҳосираи кӯҳи Синҷарро рахна карданд ва ду гузаргоҳи заминӣ барои таъмини размандагони курд, ки мардуми беҷошударо муҳофизат мекунанд, боз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, бо идомаи ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои пешмарга, роҳи таъминоти ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ ба шаҳри Мосул бурида шавад. Нерӯҳои курд ҳамчунин ба дохили шаҳри Синҷар ҳаракат доштаанд. Нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико рӯзи 21-уми декабр барои кӯмак ба размандони курд, бо зарбаҳои ҳавоӣ истеҳком ва мошину тӯпхонаҳои созмони Давлати исломиро нобуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG