Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дигарбора Кореяи Шимолиро муттаҳам кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дигарбора иддао кард, ки Кореяи Шимолӣ масъули рахнаи шабакаҳои дохилии ширкати Сони Пикчерс аст. Пештар аз ин дар рӯзи 20-уми декабр, мақомоти Кореяи Шимолӣ гуфтанд, мехоҳанд, қазияи мазкур ҳамроҳ бо Амрико таҳқиқ шавад. Кохи Сафед рӯзи 20-уми декабр гуфт, хулосаҳои Эф Би Ай ва ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико дуруст аст, ки рахнаи шабакаи Сониро кори дасти Кореяи Шимолӣ медонад. Ширкати Сони баъди рахнаи шабакааш ва дуздидани иттилооти зиёди дохилӣ маҷбур шуд, аз намоиши филми “Мусоҳиба” даст кашад, ки ин филми ҳаҷвӣ дар бораи сӯиқасди хаёлӣ ба ҷони Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ аст. Марк Стро, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфт, “агар ҳукумати Кореяи Шимолӣ мехоҳад кӯмак кунад, пас ба гуноҳаш иқрор шавад ва ҷуброни ҳамла ба шабакаи Сониро ба ширкат бипардозад.” Пештар аз ин Кореяи Шимолӣ, иддаоҳои Амрикоро “тӯҳмати беасос” хонд ва пешниҳод кард, ки қазияи ҳамла ба шабакаҳои Сони ҳамроҳ таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG