Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди Кореяи Шимолӣ дар бораи қазияи Sony


Кореяи Шимолӣ пешниҳод кардааст, ки қазияи рахнаи шабакаҳои ширкати Sony Pictures ҳамроҳ бо Амрико таҳқиқ шавад. Як сухангӯи вазорати умури хориҷии Кореяи Шимолӣ, рӯзи 20-уми декабр гуфт, ин кишвар медонад, чӣ гуна нишон бидиҳад, ки дар рахнаи шабакаҳои Сони Пикчерс даст надорад. Ӯ афзуд, агар Амрико пешниҳоди таҳқиқи дуҷонибаро рад кунад, ба “оқибатҳои баде” дучор мешавад, вале ин гуфтаашро шарҳ надод. Мақомоти Амрико рӯзи 19-уми декабр гуфтанд, ки рахнаи шабакаи Сони Пикчерс ва дуздидани иттилооти зиёду нашри онҳо дар Интернет кори дасти Кореяи Шимолӣ аст, зеро усулҳое истифода шудааст, ки Кореяи Шимолӣ дар гузашта барои рахнаи шабакаҳои дигар ба кор бурдааст. Дар натиҷаи рахнаи шабакаи Сони Пикчерс, садҳо санаду мукотиботи махфии ширкат дар Интернет нашр шуд ва ба ширкати Сони таҳдидҳои террористӣ сурат гирифт. Ширкат маҷбур шуд, ки баъди ин намоиши филми ҳаҷвии “Мусоҳиба”-ро лағв кунад. Ин филм дар бораи як сӯиқасди дурӯғин ба ҷони Ким Ҷон Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ аст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 19-уми декабр гуфт, ки Амрико ба ин амал “ҷавоб” медиҳад.

XS
SM
MD
LG