Пайвандҳои дастрасӣ

Русия таҳримоти Амрикоро бефоида номид


Давлати Русия таҳримоти нави Амрикоро бефоида хонд ва ба ҳаққи таърихии худ ба нимҷазираи Қрим таъкид кард. Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 20-уми декабр бо нашри баёнияе гуфт, таҳримоти нави Амрико, Русияро водор нахоҳад кард, ки аз Қрим даст кашад, зеро он “як бахши таърихӣ ва ҷудоношудании Русия аст.” Рӯзи 19-уми декабр, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо як фармон фурӯши молу мавод, технология ва дигар хадамот дар нимҷазираи Қрим дар Украинаро мамнӯъ кард. Барак Обама, ҳамчунин ба вазорати молияи Амрико амр дод, ки бар зидди ширкатҳо ва шахсоне, ки дар Қрим фаъолият мекунанд, таҳрим эъмол кунад. Вазорати умури хориҷии Русия ҳамчунин гуфт, ин кишвар дар посух ба таҳримҳои нав Амрико ва Канада, чораҳои ҷавобӣ меандешад. Александр Лукашевич, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия гуфт, “Мо ба Вашингтон ва Оттава тавсия медиҳем, сари ин амалкардҳояшон андеша кунанд. Мо тадбирҳои ҷавобиро баррасӣ мекунем.”

XS
SM
MD
LG