Пайвандҳои дастрасӣ

Sony роҳҳои намоиши "Гуфтугӯ"-ро ҷустӯҷу дорад


Ширкати Sony Pictures гуфт, роҳҳои дигари намоиши филми “Гуфтугӯ”-ро ҷустуҷӯ дорад, ки ба сабаби таҳдидҳои рахнагарони интернетӣ дар кинотеатрҳо нишон дода нашуд. Ин ширкат рӯзи 19-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, қарори ширкат дар бораи намоиш надодани филм дар рӯзи Иди Милоди Масеҳ дуруст буд, зеро “аксари кинотеатрҳои кишварҳои ҷаҳон нахостанд, ки филмро дар ин рӯз намоиш бидиҳанд.” Майкл Линтон, мудири Sony Pictures гуфт, “Мо худро ақиб накашидем, ба касе таслим нашудем, мо қатъӣ будем ва ақибнишинӣ накардем.“ Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз ин пештар гуфт, ки қарори ширкати Сони Пикчерс, барои намоиш надодани комедия дар бораи “сӯиқасд” ба ҷони Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ “кори нодуруст” будааст. Хадамоти Федеролии Амнияти Амрико ва ё Эф Би Ай гуфт, ки рахнаи шабакаи дохилии Сони Пикчерс ва дуздидани иттилоотии зиёди хусусӣ аз он кори дасти Куриёи Шимолӣ буд.

XS
SM
MD
LG