Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони интихоботӣ вориди Узбакистон мешаванд


Нозирони интихоботии кишварҳои муштаракулманофеъ барои назорат бар ҷараёни интихобот дар Узбакистон вориди ин кишвар шудаанд. Ин интихобот 21 декабр, рӯзи якшанбе баргузор мешавад.

Ҳамзамон бо интихоботи порламонӣ намояндагони Шӯроҳои маҳаллии вилоятҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳо доир мешавад. Ба ҳайати нозирон 14 нафар дохил шудаанд ва ин ҳайтро Сергей Лебедев-раиси кумитаи иҷроии кишварҳои муштаракулманофеъ раҳбарӣ мекунад.

Як гурӯҳи нозирони интихоботии ин ниҳод 7 декабр вориди Узбакистон шуда буданд ва то ҳол бар ҷараёни маъракаҳои интихоботии намояндагон назорат мекарданд.

Шумораи умумии нозирони интихоботии кишварҳои муштаракулманофеъ дар Узбакистон акнун ба 70 нафар расидааст. Ба ин шумора намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, рӯзноманигорони ин кишварҳо низ дохил мешаванд.

Ба ҷуз аз кишварҳои муштаракулманофеъ САҲА, Созмони ҳамкории Шонгҳой, Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва дар маҷмӯъ намояндагони 35 кишвару созмон барои назорат бар интихобот изҳори омодагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG