Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Хуҷанд 11 нафар аъзои ҲИУ-ро маҳкум кард


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба матбуот хабар додааст, ки 11 нафар аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон аз 9 то 19 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. 19 декабр мурофиаи додгоҳии онҳо паси дарҳои баста ба поён расид.

Ин афродро нируҳои интизомии Тоҷикистон моҳи сентябр боздошт карда буданд. Ба гуфтаи мақомоти додгоҳӣ, ин афрод ба нақша гирифта буданд, ки ду нақбро дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тарконанд.

Дар миёни маҳкумшудагон Мансур Бобоёров-раҳбари яке аз ҳалқаҳои маҳаллии Ҳракати Исломии Узбакистон низ ҳаст, ки ҳамзамон бо ҷиноҳи тундрави ин ҳаракат бо номи Ҷундуллоҳ дар тамос буд. Вайро 19 сол маҳкум ба зиндон карданд ва дороиаш мусодира мешавад.

XS
SM
MD
LG