Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Австралия ҷасади 8 кӯдакро пайдо карданд


Дар яке аз шаҳрҳои Австралия дар хонае 8 кӯдакро пайдо карданд, ки аз зарби корд кушта шудаанд. Як зани дигар аз зарби корд ранҷ мебурд. Пулиси аёлати Квинсланд мегӯяд, ки хатаре барои шаҳрвандони дигар дида намешавад, зеро ин ҳодисаи алоҳида аст ва ба терроризм иртибот надорад.

Пулис мегӯяд, синни кӯдакони кушташуда аз 18 моҳа то 15 сола будааст. 19 декабр зани маҷруҳ дар ин бора ба пулис хабар додааст. 7 нафари кӯдакон фарзандони худаш ва як нафари дигар аз хешовандонаш будаанд.

Баъд аз гаравгонгирии тундравҳои исломӣ дар яке аз тарабхонаҳои маркази шаҳри Сидней мардуми Австралия ба ғазаб омадаанд. Ин гаравгонгирӣ 15 декабр 16 соат давом кард ва дар он ду гаравгон ва як гаравгонгир кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG