Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низомиён дар ҳамлае 32 тундравро ба қатл расонданд


Низомиёни Покистон мегӯянд, ки дар ҳамлае аз камин 32 тундравро дар шимоли ғарби кишвар ба қатл расондаанд. Дар эъломияе, ки 19 декабр онҳо пахш карданд, гуфта мешавад, ки низомиёнтундравҳоро ҳангоме ҳадаф қарор доданд, ки онҳо аз водии Тираи минтақаи Хайбар ба сӯи марзи Афғонистон ҳаракат мекарданд.

Низомиён гуфтаанд, ки се нафари онҳо низ дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Ин бар иловаи эълони пешини низомиён аст, ки дар як ҳамлаи ҳавоӣ ва заминӣ дар минтақаи Хайбар 27 тундравро ба қатл расонда буданд.

Ин амалиёт баъд аз куштори 132 кӯдак ва 9 омӯзгор дар мактаби зери назари низомиён анҷом мегирад. Куштор 16 декабр дар шаҳри Пешовар рух дод ва Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

17 декабр Навоз Шариф-нахустввазири Покистон эълон кард, ки маратория ё боздоштани муҷозоти эъдомро барои ҷиноятҳои террористӣ аз миён мебардорад.

XS
SM
MD
LG