Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туск: Аврупо бояд стратегияашро нисбат ба Русия тағир диҳад


Доналд Туск-раиси Шӯрои Аврупо мегӯяд, ки Иттиҳодияи Аврупо барои муносибат бо Русия ба стратегияе ниёз дорад, ки на барои моҳҳо, балки барои солҳо ба кор ояд. Туск ин суханонро дар соатҳои аввали 19 декабр баъд аз мулоқот бо раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел дар нишасти хабарие изҳор дошт.

Вай гуфт: “Мо бояд вокунишпазир ва ё дар ҳолати дифоӣ набошем”. Туск даъват кард, ки барои муносибат бо Русия ва Владимир Путин-раиси ҷумҳури он дар ҳали бӯҳрони Украина “ҷиддӣ ва масъул” бошем.

Федерика Моғеринӣ-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупогуфт, ки баъд аз пайвастани Қрим ба Русия вай аз рақибони Русия , яъне аз Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, ки Русияро ҳадафи таҳрим қарор додаанд, чандон розӣ нест.

Вале Моғеринӣ гуфт, ки Путин ва мақомоти баландпояи Русия “бояд муносибати худро бо кишварҳои дигари ҷаҳон комилан тағир диҳанд ва рӯҳияи ҳамкориро пеш гиранд”.

XS
SM
MD
LG