Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод маълум шуданд


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2015 бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки рӯзи 18-уми декабр дар Хонаи футболи Русия баргузор шуд, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.

Ин мусобиқа аз 16-ум то 25-уми январи соли 2015 бо ширкати 12 даста , ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд, дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад.

Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд.

Дар Ҷоми Иттиҳод, ки барои бори 23-юм барпо мегардад, ба ҷуз 10 дастаи мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин тимҳои ҷавонони Финляндия ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард. Вале мунтахаби ҷавонони Украина, ғолиби мусобиқаи порсола, ширкат намеварзад.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2015:

Гурӯҳи «А»: Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия.
Гурӯҳи «В»: Молдова, Қириғизистон, Русия, Латвия.
Гурӯҳи «С»: Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 рӯзи 17-уми декабр шурӯъ кард.

Алишер Тухтаев ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-22) 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Машғулиятҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 29-уми декабр идома меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби ҷавонони Украина, ки дар бозии ниҳоӣ тими Русияро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод, ғолиби Ҷоми Иттиҳод-2014 гаштааст.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) порсол дар Ҷоми Иттиҳод дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовии 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1).

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев ("Истиқлол”), Фатҳуллои Иззатулло (“Равшан”), Дилшод Дадобоев (“Эсхата”);

Ҳимоятгарон: Абдулло Саидов, Фирдавс Чақалов (ҳарду – ССКА “Помир”), Бахтиёр Азимов (“Энергетик”), Саидхони Амрохон, Тоҳири Баҳром (ҳарду – “Равшан”), Самандари Хайриддин (“Истиқлол”), Алишер Шарифов (“Регар-ТадАЗ”),

Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов, Фирӯз Юсуфов (ҳарду – ССКА “Помир”), Ойбек Абдуғаффоров (РТСУ), Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Парвиз Ҳамидов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳарду – “Хайр”), Ҷаҳонгир Алиев (“Парвоз”), Дилшод Каримов, Вайсиддин Сафаров (ҳарду – “Хуҷанд”), Шодмон Тағойзода (“Регар-ТадАЗ”);

Ҳамлагарон: Абдурасул Раҳмонов, Фирӯз Раҳматов (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Ҷаҳонгир Эргашев, Меҳроҷиддин Музаффаров (ҳарду – “Истиқлол”).

XS
SM
MD
LG