Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: "Ҳузури низомии мо дар Тоҷикистон зарурист"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ҳузури низомии кишвараш дар Қирғизистону Тоҷикистон дуруст ва зарурӣ аст. Ӯ дар нишасти хабарии солонааш дар шаҳри Маскав гуфт, Русия фақат дар ду кишвар пойгоҳи низомӣ дорад, ки дар баробари хатарҳои террористӣ осебпазир ҳастанд.

“Мо дар Тоҷикистон низ пойгоҳ дорем, ки ҳамчунин дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст. Ба фикрам ба манфиати шумо низ ҳаст, ки дар онҷо оромӣ бошад. Ва ин ҳузури мо мантиқӣ, возеҳ ва дуруст аст."

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо бештар аз 7 ҳазор сарбоз бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст. Бар асоси қарордоди дуҷониба, ин пойгоҳ то соли 2042 бояд дар Тоҷикистон боқӣ монад.

XS
SM
MD
LG