Пайвандҳои дастрасӣ

Путин гуфт, вазъи иқтисоди Русия беҳтар мешавад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, бо оғози нишасти солонаи хабариаш гуфт, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар зарфи 10 моҳи гузашта боло рафтааст ва бо вуҷуди талотум дар бозорҳои молӣ хароҷоти давлатӣ зиёд мешавад. Владимир Путин афзуд, ки вазъи ҳозираи иқтисоди Русия асосан ба сабабҳои берунӣ ба вуҷуд омадааст, аз ҷумла бинобар поин омадани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, иқтисоди кишвар аз мушкилоти ҳозираш берун мешавад ва барои ин ду сол зарур аст. Ӯ қавл дод, ки дар ин муддат таркиби иқтисоди Русияро тағйир дода ва пойбандии иқтисоди Русия ба нафтро кам мекунад. Владимир Путин, кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки девори “маҷозии” Берлин месозад ва тавсиаи НАТО ва таъсиси сипари дифоии ҳавоии Амрико дар Аврупоро мисол овард.

XS
SM
MD
LG