Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Русияро баррасӣ мекунанд


Дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи 18-уми декабр дар шаҳри Брюссел оғоз меёбад, муносиботи печида бо Русия мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ба гуфтаи дипломатҳо, масъалаи эъмоли таҳримоти нав бар зидди Русия дар дастури кор нест, зеро ба гуфтаи як дипломати аврупоӣ “тарзи тафаккури Иттиҳодияи Аврупо шахшуда нест.” Як дипломати дигар ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки “мо намехоҳем, Путинро зиёд барангезем.” Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бинобар амалкардҳои Русия дар Украина ва кӯмаки он ба ҷудоихоҳон, ки бо нерӯҳои украинӣ меҷанганд, таҳримот (санктсия) эъмол карданд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти худ дар шаҳри Брюссел ҳамчунин тарҳи нави 315 миллиард евроиро баррасӣ мекунанд, ки қарор аст, барои ҷони тоза бахшидан ба иқтисоди кишварҳои узв амалӣ шавад.

XS
SM
MD
LG