Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадзай бо фармондеҳи артиши Покистон гуфтӯгу кард


Роҳил Шариф, фармондеҳи артиши Покистон, дар шаҳри Кобул бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мулоқот кард ва ду тараф ваъда доданд, ки ҳамроҳ бар зидди “терроризм ва тундгароӣ” мубориза мебаранд. Роҳил Шариф, рӯзи 17-уми декабр ба Кобул омад ва як рӯз баъд аз онки Толибон дар Покистон 132 кӯдак ва 9 калонсолро дар як мактаби артиши Покистон куштанд. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай баъд аз мулоқоташ бо Роҳил Шариф гуфт, “Фурсти он расидааст, Афғонистону Покистон самимона ҳамкорӣ кунанд ва бар зидди терроризм ва эктремизм чораҳои босамар биандешанд.” Роҳил Шариф, ҳамчунин дар Кобул бо Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба раҳбарии НАТО мулоқот кард. Айни замон Навоз Шариф, нахуствазири Покистон қавл дод, ки терроризмро дар кишвараш нобуд мекунад.

XS
SM
MD
LG