Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубл пеш аз суханронии Путин "ҷон гирифт"


Дар остонаи нишасти солонаи хабарии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қурби рубли русӣ назар ба аввали ин ҳафта бисёр боло рафт. Ҳукумати Русия барои нигаҳ доштани қурби рубл, миллиардҳо долларро аз захираҳои эҳтиётиаш ба бозор рехт ва рӯзи 17-уми декабр қавл дод, ки барои боло бурдани арзиши рубли русӣ тадбирҳои дигар меандешад. Аз аввали сол то кунун рубли русӣ нисфи арзиши худро гум кард ва рӯзи 16-уми декабр як доллар баробари 80 рубл шуд. Рӯзи 18-уми декабр ва ду соат қабл аз нишасти хабарии Владимир Путин, як доллари амрикоиро бо 59 рубл иваз мекарданд. Поин омадани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ, ки даромади Русия аз ҳисоби он аст ва ҳам таҳримоти Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои дигар бар зидди Русия барои амалкардҳояш дар Украина ба иқтисоди Русия зарбаи сахт заданд. Маҳбубияти Владимир Путин баъди ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба Русия дар моҳи март боло рафт,вале ҳоло вазъи ногувори иқтисодӣ метавонад, барои ӯ мушкил эҷод кунад.

XS
SM
MD
LG