Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар бораи иқтисод ва ҷаҳон сӯҳбат мекунад


Дар нишасти хабарии солонаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки соати 11 ба вақти Маскав баргузор мешавад, масоили иқтисодӣ ва байналмилалӣ аз муҳимтарин масъалаҳои гуфтӯгу мешавад. Ин нишасти хабарӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки рубли русӣ башиддат беқурб мешавад ва аз аввали сол то кунун тақрибан нисфи арзишашро гум кардааст. Таҳримоти кишварҳои ғарбӣ бар зидди Русия ва поин омадани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди Русия зарба зада ва сабаби поин омадани қурби рубл шуданд. Дар муроҷиати солонаи худ ба порлумон дар чанд вақти пеш Владимир Путин, гуфт, душманони собиқи Русия дар замони Ҷанги Сард, «саъй доранд, аз зуҳури қудрати Русия пешгирӣ кунанд ва ё ҳатто ба он таъсир гузоранд ва ё ба манфиати худ истифода баранд.» Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 16-уми декабр гуфт, «имкон дорад, таҳримот бар зидди Русия дар муддати чанд рӯз ва ё ҳафта бардошта шаванд, вале ин ба интихоби Владимир Путин вобаста аст.»

XS
SM
MD
LG