Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хориҷиёни пешин дар таркиби ҳукумати нави Украина


Екатерина Згуладзе-муовини пешини вазири дохилаи Гурҷистон дар Украина ба ҳамин мақом, яъне муовини вазири дохилаи Украина таин шудааст. Павло Розенко-вазири сиёсатҳои иҷтимоии Украина 17 декабр дар сафҳаи Facebook-и худ навишт, ки ба Згуладзе мақоми муовини аввали вазири дохиларо додаанд.

Дар аввали ҳамин ҳафта Петро Порошенко қавл дода буд, ки ба Згуладзе шаҳрвандии Украинаро медиҳад, то вай ба ин мақом бирасад. Згуладзе дар таҳияи қонун барои ислоҳот дар нируҳои қудратӣ дар Гурҷистон дар давраи раёсати ҷумҳурии Михаил Саакашвилӣ кӯмак кардааст.

Ҳайати ҳукумати нави Украина 2 декабр ба тасвиб расид ва дар таркиби он Александр Квиташвилӣ-вазири тандурустии ҳукумати Саакашвилӣ дар Гурҷистон низ ҳаст, ки дар Украина низ вазири тандурустӣ интихоб шудааст.

Дар ҳукумати нави Украина ҳамчунин Наталие Ярашко-шаҳрванжди Амрико низ ҳаст. Вай корманди вазорати корҳои хориҷаи Амрико буд. Айварас Аромависиус-корманди пешини бонки сармоягузории Литва вазири иқтисоди Украина таин шудааст.

XS
SM
MD
LG