Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонҳо дигар ба тафтишҳои бемаврид ҳақ нахоҳанд дошт


Бо ҳадафи берун нарафтан аз салоҳияти касбӣ, гурӯҳе аз вакилони порлумони Тоҷикистон бо таҳрири қонун “Дар бораи мақомоти прокуратура” фаъолияти кормандони ин соҳаро то ҳадде танзим ва дақиқ карданд.

Дар таҳрири нави қонун, ки рӯзи 17-уми октябр дар парлумони кишвар муаррифӣ гашт, таъкид шудааст, ки додситонҳо ҳаққи дахолат ба фаъолияти хоҷагии корхонаҳо ва шахсони алоҳидаро надоранд. Ва онҳо ҳамчун мақоми назоратӣ набояд аз салоҳияти худ берун бароянд.

Азизмад Имомов, вакили порлумон ва яке аз муаллифони лоиҳаи нави қонун мегӯяд, ҳарчанд дарқонунҳои қаблӣ ҳам таъкидҳо ба ин маънӣ ҷой дошт, аммо таҳрири нав, мушаххас кардааст, ки додситон набояд ба масоили пуливу молӣ ва нақшаҳои кории ин ё он сохтор дахолат кунад. “Дар қонунҳои қаблӣ ба таври умумӣ гуфта шуда буд, ки ба фаъолияти корхонаҳо, шахсони мансабдор мақомоти давлатӣ ва корхонаҳои ғайридавлатӣ дахолат надоранд, аммо мо мушаххас гуфтем, ки ба кори хоҷагии онҳобояд дахолат накунанд. Масалан, корманди прокуратура агар барои санҷиш равад, бояд фақат ҳамчун назоратчӣ иҷроиши қонунро назорат кунад, вале набояд ба нақшаи кории корхонаҳо дахолат кунад ва набояд бигӯяд, ки масалан, “ту ба ин масъала даст зану ба он не”

Муаллифони ин лоиҳа ва ҳамчунин мақомоти Додситони кулли кишвар аз мавориди мушаххаси дахолати кормандони ин ниҳод ба умури хоҷагӣ ва иқтисоду нақшаҳои кории сохторҳои мухталиф зикр накарданд. Аммо огоҳони ҳол аз ҳолатҳои зиёди ин гуна дахолат ва санҷишҳо дар кишвар сӯҳбат мекунанд.

Ҳуқушинос Файзи Олӣ мегӯяд, ин як тағйири ҷузъӣ аст ва наметавонад дар муносибати ҳуқуқии назоратчиҳо ва шаҳрвандону корхонаҳо ва ҳамчунин дар рафти муносибатҳои истеҳсолӣ ягон дигаргунии ҷиддӣ ворид кунад.

Вай аз кишвари Русия мисол меорад, ки дар ин авохир тасмим гирифтааст, назорату тафтиши додситонҳоро ду маротиб кам кунад ва раванди онҳоро шаффоф намояд. Аммо дар Тоҷикистон ба қавли ӯ дар ин маврид ва умуман дар масъалаи тафтиши корхонаву муассисаҳо аз ҷониби сохторҳои мухталифи назоратӣ, аз ҷумла додситонӣ як низоми муайян нест. “Дар мо тавре мушоҳида мешавад, умуман ҳар касе ва ҳар вақте, ки хоҳад, дилхоҳ созмонро тафтиш мекунаду гуноҳро ёфта, ба низоми иқтисодии кишвар халали ҷиддӣ ворид мекунад. Дар ҳама давлатҳои пешрафтаи иқтисодии дунё муносибати корхонаву хоҷагиҳо ва молу мулки шахсиятро мақомоти андоз ба танзим медарорад ё тафтиш мекунад. Прокурор танҳо дар вақте бояд назорат ё тафтиш барад, ки ягон қонуншикании муҳим бар зидди манфатҳои давлатӣ мушоҳида шуда бошад.”

Набот Додихудоева, соҳибкорзан аз Бадахшон, ки раҳбари як созмони ҷаъмиятӣ ҳам ҳаст, аз 2 ҳолати мавриди санҷиш қарор қарор гирифтани фаъолияташ дар чанд соли қабл аз ҷониби мақомоти прокуратура мисол меорад ва мегӯяд, мушаххас шудани ӯҳдадориҳои додситонҳо дар мавриди дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагии муассисаву шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати соҳибкорону корхонаҳо аст. “Ин, албатта, хуб аст ва санҷишҳои беҳудаву ҳаррӯззаро шояд аз байн барад. Ман, албатта, ягон қонуншиканӣ накардаам ва аз ҳуқуқи худ бохабарам ва аз тарафи ягон мақомот фишор ҳам нисбатам набуд. Фақат дар хотирам ҳаст, 4 сол пешаз тарафи прокуратура мақоми забони давлатиро дар корхонаи мо санҷиш карданд ва ҳуҷҷатгузории моро тафтиш карданд, ки то чӣ андоза мақоми забони давлатӣ риоя мешавад дар он ва иштибоҳе наёфтанд. Ва як бори дигар барои насупурдани андози иҷтимоӣ корхонаҳоро тафтиш карданд.”

Амнияти Абдулназар, коршиноси тоҷик ҳам аз ин мушаххасот дар қонун ба хотири ҷилавгирӣ аз нофаҳмиҳо дар муносибати мақомот бо соҳибкорону хоҷагиҳо истиқбол мекунад, аммо мегӯяд, новобаста ба ҳарфи қонун ҳолатҳое ҳам ба мушоҳида хоҳад расид, ки мақомот ба афрод бар пояи ақидаҳои ӯ нисбат ба ҳукумат муносибат кунад. “Хеле хуб мешуд, ки агар аслан додситонҳо дахолат намекарданд. Сад афсӯс, ки имрӯз бо вуҷуди тағйирҳо дар қонун ба як фард вобаста ба ақидаҳои ӯ нисбат ба ҳукумат муносибат хоҳанд кард. Ва вобаста ба ҳамин метавонанд ба кори хоҷагиву ҳуқуқии вай ҳам дахолат кунанд.”

Тарҳи нави қонун ҳамчунин дастур медиҳад, ки кормандони додситонӣ дар сурати риоя накардани муқаррароти қонунҳои мубориза бо фасод ва танзими ҷашну анъанаҳо, аз кор озод карда шавад. Яъне агар прокурор ягон маърака ё туйе гузаронад, ки ба талаботи қонун мувофиқат накунад, аз вазифа сабукдӯш мешавад. Ҳамчунин тибқи қонуни нав барои гузаронидани амалиёти тафтишотӣ танҳо иҷозаи додситон кофӣ набуда, иҷозати суд ҳам зарур аст.

Ба гуфтаи муаллифони тарҳи нави қонун, он бо ҳадафи боло бурдани масъулияти кормандони соҳаи додситонӣ таҳия ва қабул шудааст. Қонун “Дар бораи мақомоти прокуратура” соли 2005 тасвиб гардидааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG