Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунини Толибон ба мактаби Пешовар


Гурӯҳе аз мардони сиёҳпӯши мусаллаҳ ба як мактаби артиши Покистон дар шаҳри Пешовар ҳамла карданд ва 130 нафар, аз ҷумла кудакону наврасони аз 9 то 14-соларо куштанд. Ба гузориши Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гурӯҳи мусаллаҳ субҳи рӯзи 16-уми декабр ба мактаб ворид шуда ва тирандозиро шурӯъ кардаанд. Парвиз Хаттак, як мақоми расмии Пешовар гуфт, дар ин ҳамлаи хунин 130 нафар кушта шуданд ва 120 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳаштоду чаҳор нафари онҳо кӯдак будаанд. Ба гуфтаи ӯ аз 8 то 10 нафар террорист ба ин мактаб даромада ва ба ҳар тараф тирандозиро шурӯъ карданд. Як нафар ба хабарнигори Радиои Машъал занг зада, худро сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон ва Муҳаммад Хуросонӣ муаррифӣ карда ва гуфтааст, ки ҳамла кори дасти онҳост ва посух ба амалиёти артиши Покистон дар Вазиристони шимолӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG